Вазъи омодагӣ ба соли таҳсили нав баррасӣ шуд

6 августи соли 2022 дар маҷлисгоҳи Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ва бо иштироки сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода машварат доир шуд.

Кормандони раёсати маорифи вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, директорони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ва директорони коргоҳҳои дӯзандагии сарулибоси хонандагон низ иштирокчиёни машварат буданд.

 Муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ оид ба вазифаҳои муҳими имрӯзаи аҳли маориф, аз ҷумла доир ба таъмиру тармими босифати биноҳои муассисаи таълимӣ, тозаю озода гардонидани саҳни муассисаҳо, насби шиору овезаҳо, истифодаи самараноки замини наздимактабӣ, таъминокии саривақтии хонандагон бо сарулибоси тавсиявӣ ва омодагии муассисаҳо ба давраи тирамоҳу зимистони соли 2022-2023 дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.

 Сардори Раёсати маорифи вилоят М.Набизода, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳ.Накҳатзода низ ҷиҳати бо омодагии ҳамаҷониба истиқбол намудани соли таҳсил андешаҳои худро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд