Тавре маълум аст 7 июли соли 2022, амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди эълони озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» ба тасвиб расид. Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 доир мегардад.
Бо мақсади омодагӣ ба озмуни мазкур санаи 3 августи соли 2022 дар назди майдони Парчами давлатии шаҳр бо иштироки волонтёрон, ҷавонони фаъол ва омӯзгорону кормандони соҳаҳои мухталиф аксияи ҷавонон таҳти унвони “ТОҶИКОН-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ” доир гардид. Дар ин аксия оид ба аҳамияти таърихии асари безаволи “Тоҷикон”-и Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва шартҳои озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» иттилоъ дода шуд. Дар фазои кушод иштирокдорони аксия тоҷиконхонӣ намуда, байни ҳам оид ба саволҳои пешниҳодгардидаи озмун мубодидаи афкор намуданд.
Чуноне огаҳӣ дорем, бо ибтикори наҷиби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тантанаҳои идонаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар хонадони тоҷик шоҳасари “Тоҷикон” тақдим карда шуд. Ба шаҳри Бӯстон низ 11 ҳазору 120 адад ин асари гаронбаҳо ворид ва ба оилаҳо тақдим карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд