Қадршиносии ғолибони озмунҳо дар Панҷакент

Дар толори муҳташами Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент маросими қадршиносии ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, озмуни шаҳрии “Донандаи беҳтарини китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров доир гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр Парвина Нақибӣ зикр намуд, ки маҳз бо дастгирӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлол мо  имкон пайдо намудем, ки ба таъриху фарҳанги оламшумули худ,  кору пайкори абармардони илму адабамон шоиста арҷгузорӣ намоем, ба мутолиаи китоб, ки меҳвари донишандӯзӣ аст, бо баргузории озмунҳо таваҷҷӯҳи наврасону ҷавононро ҷалб созем, истеъдодҳои навро кашф намоем.

Иттилоъ дода шуд, ки дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 600 нафар муҳассилини муассисаҳои таълимӣ, коллеҷу донишкада, омӯзгорон ва намояндагони дигар касбу кори гуногун, дӯстдорони каломи бадеъ иштирок ва 107 нафари онҳо дар номинатсияҳои ин озмун  ғолиб омаданд. Дар даври шаҳрии озмуни  ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 23 нафар соҳибистеъдодҳо аз ҷумлаи овозхонҳо, созандагон ва бастакорон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.

Ҳамчунин дар партави иқдоми ватандӯстонаи Пешвои миллат- тақдими китоби аллома Бобоҷон Ғафуров – “Тоҷикон “ ба ҳар оилаи тоҷикистонӣ,  15 июли соли равон бо қарори раиси шаҳри Панҷакент озмуни шаҳрии “Донандаи беҳтарини китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров” баргузор шуда, дар он 15 нафар ғолиб дониста шуданд.

 Дар ин ҳамоиш ҳамчунин зикр шуд, ки соли таҳсили гузашта 21 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр  дар  даври ҷумҳуриявии озмунҳои фаннӣ сазовори нишонҳои тиллову биринҷӣ ва ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, озмуни шаҳрии “Донандаи беҳтарини китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров” ва  ҷоизадорони озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ сипоснома, диплом ва мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд