Хонандагони тоҷик барои иштирок дар олимпиадаи байналмиллалӣ ба Лондон сафар карданд

11 нафар хонандагони МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иштирок дар олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанни забони англисӣ ба шаҳри Лондони кишвари Британияи Кабир сафар карданд.

Баҳромзода Муҳаммадхон Фирдавс, Қобилов Исфандиёр, Нарзуллоев Шукрулло, Мирфаёз Беҳрӯз, Искандаров Искандархоҷа, Шодмонов Шерозхуҷа, Аҳророва Ясмина, Ҳайдарзода Рамазон, Ҷабборова Дилбарҷон, Абдуллоева Фирӯза ва Мирзохоҷаев Бузрукхоҷа дар 2 даври олимпиадаи мазкур, ки моҳҳои феврал - майи соли ҷорӣ тариқи фосилавӣ баргузор гардид, ғолиб омада ба даври Гранд-финали ин Олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ, роҳхат ба даст оварданд.

Дар даври финалии олимпиадаи ҷахонии "TEENEAGLE" аз фанни забони англисӣ иштироки хонандагон аз 30 кишвари дунё дар назар аст.

Олимпиадаи мазкур аз 31 июл то 7 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Лондони кишвари Британияи Кабир дар Донишгоҳи Брунел баргузор гардида, инчунин иштирокчиёни Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз макону мавзеъҳои таърихиву фарҳангии Британияи Кабир дидан мекунанд.

Лозим ва ёдоварист, ки яке аз шартҳои асосӣ ва афзалиятноки иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои байналмиллалӣ ин маҳз донистани забонҳои хориҷӣ махсусан забони англисӣ ба ҳисоб меравад, чун омӯзиши тамоми фанҳо дар муассисаи мазкур бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст, имконияти ғолибияти хонандагони ин боргоҳи таълимиро дар чунин сабқатҳои ҷаҳонӣ бештар менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд