Пирӯзии хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалии «ISTEM GRAND FINAL - 2022»

Муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмилалии «ISTEM GRAND FINAL - 2022», ки дар шаҳри Франкфурти кишвари Олмон ҷараён гирифт, Тоҷикистонро намояндагӣ карданд.

Тибқи иттилоъи Сурайёхон Неъматзода - директори муассисаи таълимӣ 6 нафар хонандагони литсей дастаи олимпии Точикистонро дар олимпиадаи фаннӣ шоиста муаррифӣ намуда, 4 медали тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ ва 1 ҷойи ифтихориро аз фанҳои математика, технологияи иттилоотӣ ва табиатшиносӣ ба даст оварданд.

Лозим ба таъкид аст, ки олимпиадаи фаннӣ санаи 23 - уми июл аз фанни математика ва санаи 24 - июл аз фанни табиатшиносӣ ва технологияи иттилотӣ баргузор гардида, хонандагони болаёқати литсей дониши худро аз рӯи 2 фанни таълимӣ санҷида, ғолиби олимпиада гардиданд.

Аз ҷумла, Ҳасанов Сафархон, Аҳророва Ясминахон, Негматуллоев Акмалҷон аз фанни математика ва Мамадҷонов Меҳроҷ аз фанни табиатшиносӣ соҳиби ҷойи аввал ва медалҳои тилло, Маъсумова Фарина ва Саидаҳматзода Салимбек аз фанни математика ва табиатшиносӣ соҳиби ҷойи 2 -юм ва медалҳои нуқра, Ҳасанов Сафархон, Аҳророва Ясмина, Мамадҷонов Меҳроҷ аз фанни табиатшиносӣ соҳиби ҷойи 3-юм ва медалҳои биринҷӣ ва Негматуллоев Акмалҷон аз фанни табиатшиносӣ соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Дар умум дастаи олимпии Тоҷикистон дар ин олимпиадаи фаннии сатҳи ҷаҳонӣ 12 ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардид, ки ин натиҷаи беҳтарин байни 93 кишвари олам ва наздики 8 ҳазор иштирокчиёни озмун ба шумор меравад.

Лозим ба таъкид аст, ки олимпиадаи мазкур рӯзҳои 19-24 июл дар шаҳри Франкфурти кишвари Олмон байни хонандагони синфҳои 3-11 гузаронида шуда, хонандагони Литсей дар категорияи хонандагони синфҳои болоӣ дар ин олимпиада иштирок намуданд.

Ин хонандагони боистеъдод - ғолибони олимпиадаи байналмилалӣ инчунин санаи 25-27 июли соли равон дар Форуми математикони ҷавони ҷаҳон, ки дар шаҳри Парижи кишвари Фаронса баргузор мегардад, иштирок ва Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳанд кард.

Олимпиадаи байналмилалии фаннии "ISTEM - GRAND FINAL 2022" 20 сол қабл аз ҷониби ҷоизадори Ҷоизаи Нобел физики машҳури амрикоӣ Карл Вейман ва Донишгоҳи Колорадои Штатҳои Муттаҳидаи Амрико созмон дода шуда, дар ҳаракати олимпии ин олимпиадаи фаннии байналмиллалӣ беш аз 93 кишвари олам шомил аст.

Дастаи Тоҷикистонро имсол дар ин олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд, ки дар 3 даври олимпиада тариқи фосилавӣ моҳҳои феврал - июн иштирок намуда,  ба даври финалӣ роҳхат ба даст оварда буданд, муаррифӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд