Ташаббусу иқдомоти созандаи мардуми Чоркуҳ

Дар пайравӣ аз амалҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақшаи чорабиниҳои 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми созандаю ободкори шаҳру  деҳоти Исфара ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ  камари ҳиммат бастаанд.

Дар ин раванд сокинони Ҷамоати деҳоти  Чоркуҳ низ  ба пешвози ҷашни таърихӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзанда гузошта,  бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷалби соҳибкорон барои ободонии маҳал ҷаҳду талош карда истодаанд.

Аз ҷумла, бо ташаббусу иқдомоти созандаи мардум, саҳмгузории соҳибкорони ватандӯсту саховатпеша ва саъю кӯшишу саҳми сокинони ободкори деҳа  таъмиру азнавсозӣ ва мумфарш кардани роҳҳои дохилии маҳалҳои зист бомаром идома дорад.

Боиси қаноатмандист, ки соҳибкорони эҳсонкору мардуми ободгари Чоркуҳ ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни роҳбарияти давлату Ҳукумат корҳои созандагию ободониро дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳам таъмиру ободонии роҳҳои дохилимаҳаллӣ аҳлонаю дастҷамъона вусъат мебахшанд.

Ҷоизи зикр аст, ки дар ташкилу пешбурди корҳо дар самти анзавсозӣ ва мумфаршкунии роҳи маҳаллаҳо дар баробари соҳибкорону саховатпешагон, аъзои ҳар як оилаю хонавода ба қадри имкону тавон мусоидату саҳмгузорӣ доранд.

Бино бар суханони раиси Ҷамоати деҳоти Чоркух Лайсиддин Юсупов , то ба имрӯз сокинони маҳаллаҳои Таги-Сада ва Муминобод дар масофаи беш аз 2 километр роҳҳоро мумфарш намудаанд ва кор дар самти ободонии роҳҳо ва бунёду азнавсозии пулҳо бо иқдоми аҳолӣ беш аз ҳар вақти дигар тақвият ёфтааст.

Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ мардуми шарифи Исфара бо вусъати корҳои ободонӣ  дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва корхонаву муассисаҳо ҷаҳд доранд, ки ин шаҳри бостонӣ боз ҳам рушду тараққӣ ва зебову сарсабз гардад.