
25 июл иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор ва дар он масъалаҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
-дар бораи эътироф намудани ваколати в1акилии вакили интихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии «Унҷӣ», №65;
-дар бораи рафти татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»;
ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон;
-ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Пӯлотон», №18 Шокиров А.А. оид ба иҷрои ваколати вакилӣ;
-дар бораи қабули дастури Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд;
-дар бораи тасдиқи низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд;
-дар бораи таъсиси комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва интихоби ҳайати онҳо;
-дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар ҳавзаи интихоботии алоҳида;
-дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд;
-дар бораи ташкил намудани комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоби вакил ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ба ивази вакили хориҷшуда;
-оид ба номгузории обеъктҳои физикию ҷуғрофӣ;
-тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят.




