Дар Суғд 7 иншооти соҳаи маориф бо 1820 ҷои нишаст ба истифода дода шуд

Бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 6 моҳи соли 2023 дар вилояти Суғд 7 иншооти соҳаи маориф бо 1820 ҷои нишаст, аз ҷумла дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 40 синфхона бо 1360 ҷойи нишаст ва 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 520 ҷойи нишаст ба истифода дода шуда, дар 53 иншоот корҳои сохтмонӣ идома дорад. 

Бояд таъкид кард, ки соли таҳсили 2022-2023 дар вилоят 946 муассисаи таҳсилоти умумӣ 571729 нафар, аз ҷумла 280773 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Нисбат ба соли таҳсили 2021-2022 шумораи муассисаҳои таълимӣ 2 адад зиёд шудааст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 279 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 205 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, 12 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 61 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият намудаанд.