Суғд. Нақшаи дарома­дҳои буҷети давлатӣ ба андозаи 107,5 фоиз таъмин гардид

Дар вилояти Суғд нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 6 моҳи соли 2023 ба андозаи 107,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2099,3 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 146,8 млн. сомонӣ зиёд аст. 

Дар ин давра нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 497,1 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои нақша 510,1 млн. сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 102,6 фоизи нақша мебошад. 

Дар нимсолаи якуми соли 2023 ба буҷети маҳаллии вилоят 1393,7 млн. сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 64,4 млн. сомониро ташкил дод, ки баробари 104,8 фоизи нақша мебошад.

Дар ин давра, чун ҳарвақта афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, ба соҳаҳои маориф 673,5 млн. сомонӣ, тандурустӣ 287,7 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 14,2 млн. сомонӣ, фарҳангу варзиш 126,7 млн. сомонӣ, дар маҷмўъ, 1102,1 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 81,6 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.