Бунёди 29 иншооти варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Дар  6 моҳи соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 29 иншооти варзишӣ, аз ин 5 толори варзишӣ, 1 корти теннис ва 23 майдончаи варзишӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорон мавриди истифода қарор дода шуд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 2863 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 49 варзишгоҳ, 1982 майдончаи варзишӣ, 625 толори варзишӣ, 39 ҳавзи шиноварӣ ва 8 маҷмааи варзишӣ, 160 иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд.

Варзишгарони вилоят дар ин иншооти варзишӣ машқу тамрин намуда, дастаи мунтахаби вилоят дар ҳайати 1927 варзишгар, аз ҷумла 480 нафар бонувон, дар 52 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва ба гирифтани 297 медали тилло, 360 медали нуқра ва 505 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд. 

Ҳамзамон, варзишгарони вилоят дар ҳайати 169 нафар, аз ҷумла 12 бону дар ҳайати дастаи мунтахаб дар 34 мусобиқоти байналмилалӣ сафарбар гардида, ба хазинаи варзишии вилоят 152 медал, аз ҷумла 49 медали тилло, 45 нуқра ва 58 биринҷӣ оварданд.