Боздиди Сарвари давлат аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

14 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии сокинони вилоят дидан карда, бо вазъи соҳа ва дастовардҳои меҳнаткашон шинос шуданд.

Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус намоиши картошка 14 шаҳру ноҳияи кишоварзии вилояти Суғд иштирок карданд.

Дар намоиш аз ҷониби кишоварзони вилоят зиёда аз 10 навъи картошка, инчунин зиёда аз 30 намуд хӯрокаҳо аз картошка омодашуда пешниҳод гардид.

Ҳамзамон, дар намоишгоҳ аз ҷониби шаҳру ноҳияҳо бо тарҳи зебо маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сабзавот, полезӣ, мевагӣ, хушкмеваҳо, банду басти хушкмеваҳо ва афшураҳо муаррифӣ карда шуд.

Боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сардхонаҳои Боғи миллии “Ваҳдат”

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз сардхонаҳои Боғи миллии “Ваҳдат” боздид намуданд.

Боғи миллии “Ваҳдат” дар ихтиёри худ ду сардхонаи замонавӣ дорад, ки ғунҷоиши онҳо беш аз 1500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маданияти истифодаи имконияти сардхонаҳо шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтар намудани инфрасохтори истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла сохтмони сардхонаҳои ҳозиразамон коргарони Боғи миллии “Ваҳдат” корҳои муайянро ба анҷом расонидаанд.

Заркорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд

13 ноябри соли 2023 заркорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро карданд.

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода аз номи меҳнаткашони ноҳия "Муждаи зафар"-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид.

Соли ҷорӣ хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 7568 гектар тухмиҳои серҳосили "Дӯстӣ", "Султон", "Синюзан 39", "Хуҷанд 67" кишт карда, 18800 тонна пахта истеҳсол ва ашёи хомро ба корхонаҳои коркард супориданд.

Дар ҷамъоварии ҳосил саҳми ҳамаи хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия назаррас буда, пахтакорон нақшаи истеҳсолро 100,2 фоиз иҷро намуданд.