Кишоварзони вилояти Суғд ба маблағи 16 миллиарду 944 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

Кишоварзони вилояти Суғд таъмини рушди соҳа  тадбирҳои судманд андешиданд.

Дар натиҷа ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 16944,2 млн. сомонӣ расонида шуд, ки ба 115,0 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2022 баробар мебошад.

Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 12439,6 млн. сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 4504,5 млн. сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 17,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 116,1 фоиз, 112,0 ва 131,4 фоиз таъмин гардидааст.

Ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ашт идома дорад

17 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ашт бо рафти ҷамъоварии пахта шинос шуд. 

Бояд таъкид кард, ки ноҳияи Ашт соли равон дар вилоят аввалин шуда нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуд.

Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия имсол 6037 гектар пахта кишт шуда, пахтакорон бо истифодаи тухмиҳои наву серҳосил ва риояи қоидаҳои агротехникии кишту парвариш ҳосили хуб ба даст овардаанд. Паахтакорони ноҳия санаи 5 ноябр бо ғунучини 14231 тонна "тиллои сафед" нақшаро 100,2 фоиз иҷро карданд.

Аснои боздид мушоҳида гардид, ки ҳанӯз ҳосил дар саҳро зиёд буда, кишоварзони ноҳия бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ самараи меҳнаташонро ҷамъоварӣ мекунанд. 

Дар ноҳияи Спитамен нақшаи истеҳсоли пахта иҷро гардид

16 ноябри соли 2023 хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Спитамен нақшаи истеҳсоли пахта дар соли ҷориро иҷро намуданд.

Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода нимаи дуюми рӯз "Муждаи зафар"-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид. 

Тибқи иттилои раиси ноҳия пахтакорони ноҳияи Спитамен дар асоси тавсияҳои олимони соҳаи кишоварзӣ имсол дар 5400 гектар пахта кишт карда, бо меҳнати шабонарўзӣ ва кӯмаку дастгириҳои ҳашарчиёну кормандони соҳаҳои гуногун ҳосилро ҷамъоварӣ карданд.

Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо ташкили ҳашарҳои пахтачинӣ то имрӯз 14695 тонна пахта истеҳсол намуданд, ки ба 100,2 фоиз баробар аст.