СУҒД: Соли 2023 ба маблағи 18,5 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд

Дар соли 2023 кишоварзони вилояти Суғд ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 18,5 млрд. сомонӣ расониданд, ки ба 115,1 фоизи соли 2022 баробар мебошад.

Дар соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 600 ҳазор тонна картошка, 649,1 ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла 187,3 ҳазор тонна пиёз, 222,5 ҳазор тонна мевагӣ, 157,2 ҳазор тонна зардолу, 38,8 ҳазор тонна себ, 51,3 ҳазор тонна ангур ва 221,8 ҳазор тонна полезӣ истеҳсол карда шуда, нисбат ба соли 2022 истеҳсоли картошка 37,1 ҳазор тонна, сабзавот 40,5 ҳазор тонна, пиёз 29,8 ҳазор тонна, полезиҳо 73,2 ҳазор тонна, мевагиҳо 98,0 ҳазор тонна, зардолу 101,3 ҳазор тонна ва себ 414,1 тонна зиёд гардид.

Барқарорсозии боғҳои куҳна дар Конибодом

6 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ шинос шуд.

Раиси вилоят дар ҶСШК ба номи Энаҷон Бойматова рафти барқарорсозии боғҳои куҳнаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, дар ҳашри ниҳолшинонӣ иштирок намуд.

Тибқи иттилои масъулин дар ҶСШК ба номи Энаҷон Бойматова 6 гектар боғҳои куҳна барқарор гардида, ниҳолҳои хушсифат шинонида мешавад. Дар боғҳои барқароршаванда ниҳолҳои зардолу, себ ва шафтолу шинонида шуда, боғдорон дар парваришу нигоҳубини дарахтон таҷрибаи бой доранд. 

Дар Конибодом боғдорӣ аз шуғлҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ буда, зардолуи боғпарварони шаҳр дар мавсими ҷамъоварии ҳосил ба шакли тар ва ҳам дар шакли хушку бастубандшуда содирот карда мешавад. 

Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳру ноҳияҳо

Дар майдони назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ҷониби роҳбарияти вилоят ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ ба масъулин барои оғози корҳои кабудизоркунӣ дар шаҳру ноҳияҳо, тозаву озода ва сарсабзу хуррам нигоҳ доштани муҳити зист супоришҳои мушаххас дод. 

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар вилоят расман оғоз ёфта, дар шаҳрҳои гуногун, аз ҷумла Хуҷанд, Гулистон , Бӯстон ва дигар минтақаҳо кабудизоркунии кӯчаву хиёбонҳо ҷараён дорад.

Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд рӯзи гузашта дар кӯчаи миёни микроноҳияҳои 8 ва 12 беш аз 300 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд.