Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов кишти пахта оғоз ёфт

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сафар карда, ба кишти пахта оғоз бахшид.

Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой ва Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз бо роҳбарияти ноҳия ва кишоварзону пахтакорон суҳбат намуд.

Раиси вилоят барои сари вақт ба анҷом расонидани кишти пахта, истифодаи самараноки замин, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат супоришҳо дод. 

Ба иттилои масъулин дар ноҳияи Ҷаббор Расулов соли ҷорӣ дар 5690 гектар пахта кишт карда хоҳад шуд.

Дар ноҳияи Спитамен кишти пахта оғоз ёфт

Имсол пахтакорони ноҳияи Спитамен дар наздик 6500 гектар пахта кишт мекунанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен ба кишти пахта оғоз бахшида, барои вусъатбахшии корҳои саҳроӣ, дар муҳлатҳои муқарраршуда ба охир расонидани кишти зироатҳо, риояи ҳатмии структураи кишти зироатҳо ба масъулин супоришҳо дод.

Таъкид карда шуд, ки бояд обу замин самаранок истифода бурда шуда, ҳосилнокии зироатҳо баланд бардошта шавад. 

Бо назардошти саҳми кишоварзон дар таъмини амнияти озуқаворӣ барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби давлат тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Пахта ашёи хоми саноатӣ буда, фаъолияти муназзами корхонаҳои пахтатозакунӣ, равғанкашӣ, ресандагиву бофандагӣ аз он вобаста мебошад.

Дар ноҳияи Зафаробод кишоварзон ба кишти пахта оғоз намуданд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод ба кишти пахта дар ноҳия оғоз бахшид.

Раиси вилоят ҳамроҳ бо пирони кор дар хоҷагии деҳқонии «Абдураҳим» ба кишти пахта оғоз бахшида, барои ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани кишти зироат ба кишоварзон тавсияҳо дод. 

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илова намуд, ки обу замин бояд самаранок истифода бурда шуда, ҳосили хуб рӯёнида шавад.

Хоҷагии деҳқонии «Абдураҳим» дорои 8 гектар замин буда, дар 3 гектар ғалла кишт шудааст ва дар боқимонда 5 гектари он пахта кишт мегардад. Дар асоси таҷрибаҳои ҳосилшуда ва тибқи тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ аъзои хоҷагӣ соли ҷорӣ низ тухмии навъи «Хучанд-67» кишт мекунанд ва умед аст, ки ҳосили хуб ба даст оранд.