Оғози кишти пахта дар ҶСК ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада, дар ҶСК ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев ба кишти пахта оғоз бахшид.

ҶСК ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев аз ҷамъиятҳои калонтарин буда, дорои 3906 гектар замини киштшаванда ва 1041 гектар боғ мебошад.

Аҳли меҳнати ҶСК ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев соли равон дар 1750 гектар кишти пунбадонаро ба роҳ монда, ният доранд, ки дар иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кишти пахта оғоз бахшида шуд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ ба кишти пахта оғоз бахшид.

Нахуст роҳбари вилоят дар хоҷагии деҳқонии ба номи "Ҷумъа Одина"-и Ҷамоати деҳоти Палдорак бо кишоварзону пахтакорон бо умеди фаровонҳосилӣ чигитро ба замин пошида, ҷиҳати рӯёнидани ҳосили хуб ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид дод. Хоҷагии деҳқонӣ дорои 10 гектар замини корам буда, саҳмдорон азм доранд соли равон дар майдони 7 гектар пахта кишт намоянд. Соли 2023 пахтакорони хоҷагӣ бо риояи қоидаҳои агротехникӣ, гузаронидани саривақтии коркард ва обу ғизодиҳӣ тавонистанд ба натиҷаи баланд дастёб гарданд ва аз ҳар гектар то 50 сентнерӣ ҳосил гиранд, ки ин аз ҳисоби миёнаи ноҳия хело баланд мебошад.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов кишти пахта оғоз ёфт

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сафар карда, ба кишти пахта оғоз бахшид.

Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой ва Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз бо роҳбарияти ноҳия ва кишоварзону пахтакорон суҳбат намуд.

Раиси вилоят барои сари вақт ба анҷом расонидани кишти пахта, истифодаи самараноки замин, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат супоришҳо дод. 

Ба иттилои масъулин дар ноҳияи Ҷаббор Расулов соли ҷорӣ дар 5690 гектар пахта кишт карда хоҳад шуд.