Суғд: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 3 миллиарду 365,2 млн. сомониро ташкил дод

Азназаргузаронӣ: 1252

Дар вилояти Суғд ҷиҳати таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои судманд андешида шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар шаш моҳи соли равон ба 3 миллиарду 365,2 млн. сомонӣ расонида шуд.

Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 1 млрд. 647,0 млн. сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 1 млрд. 718,2 млн. сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 6,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 109,0 фоиз, 115,4 ва 110,3 фоиз таъмин гардидааст.

Барои ҳосили соли 2022 бошад дар масоҳати 279 ҳазору 854,4 гектар кишт гузаронида, нақшаи кишти аксари зироатҳо таъмин гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд