Дар вилояти Суғд 845 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд

Азназаргузаронӣ: 2838

Дар соли 2022 дар вилояти Суғд тибқи нақша бунёди 230 гектар боғу токзор пешбинӣ гардида, ба ҳолати 1 июни соли 2022 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 845,4 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст, ки нисбати нишондоди пешбинишуда 3,6 баробар зиёд мебошад.

Аз майдони умумии боғҳои бунёдшуда 148 гектар боғи интенсивӣ мебошад. Ҳамзамон, барқароркунии боғу токзор дар масоҳати 570 гектар назардошт шуда, амалан дар масоҳати 866,6 гектар боғу токзор барқарор карда шуд, ки 152,0 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.        

Боғҳои нав аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ, чарогоҳ ва боир бунёд гардида, асосан ба воситаи таҷҳизоти каммасрафи қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд. 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд