Дар ноҳияи Деваштич, ки аз минтақаҳои картошкапарвари вилоят маҳсуб меёбад, ба самаранок истифода бурдани замин таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад.
Сокинони ноҳия заминҳои наздиҳавлигии худро пурсамар истифода бурда, дар он парвариши картошкаро ба роҳ мондаанд. Тибқи маълумоти масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ аз ҷониби деҳқонон пурра истифода шуда, дар чунин заминҳо асосан кишти картошка ба роҳ монда шудааст. Дар 4900 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 1605 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ тухмии навъҳои «Пикасо», «Алладин», «Кардинал», «Жуковский», «Невский» ва солҳои охир навъҳои ватанӣ аз қабили «Шукрона», «Нуриниссо», «Каримӣ», «Овчӣ», «Ғончӣ» кишт карда шуда истодааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд