Дар ноҳияи Деваштич дар мавзуъи «Технологияи  парвариши картошка дар минтақаҳои доманакӯҳӣ» семинари илмию амалии минтақавӣ доир гардид

17 май дар ноҳияи Деваштич семинари илмию амалии минтақавӣ дар мавзуъи «Технологияи  парвариши картошка дар минтақаҳои доманакӯҳӣ» баргузор гардид, ки дар кори семинар кишоварзон ва роҳбарони хоҷагиҳои картошкапарвари ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд

Дар семинар, ки бо ҳузури намояндагону олимон ва коршиносони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ), Филиали институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ,Маркази комплекси агросаноатии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Маркази технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзии АИКТ, Вазоарти кишоварзии мамлакат, Сарраёсати кишоварзии вилоят сурат гирифт, таъкид карда шуд, ки кишоварзони вилоят, масъулин ва мутахассисони соҳа бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин ва ҳосилнокии зироатҳо, инчунин ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои замин ва об, дар самти амалисозии рушди устувори соҳа тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо зимни ироаи маърӯзаи худ қайд намуд, ки иқлими минтақаҳои наздикӯҳии вилояти Суғд, махсусан ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Айнӣ, шаҳрҳои Исфара, Истаравшан ва Панҷакент барои парвариши картошка мусоид буда, ҳаҷми асосии истеҳсоли картошкаи вилоят дар ин ноҳияҳо таъмин карда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки шаҳру ноҳияҳои водии вилоят низ, дар парвариши картошкаи барвақтӣ саҳми босазо дошта, соли ҷорӣ дар майдони зиёда аз 1750 гектар кишт гузарониданд ва ҷамъоварии ҳосили он даҳаи сеюми моҳи май оғоз мегардад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят соҳаи картошкапарварӣ рушд ёфта, яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Дар соли 2021 истеҳсоли картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 530 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин нишондод нисбати соли 2020 17931 тонна зиёд мебошад.

-Нишондиҳандаҳои мазкур аз он далолат медиҳад, ки ҳоло дар вилоят захираи зиёд намудани истеҳсоли картошка мавҷуд мебошад. Дар ин ҷода ба роҳ мондани истеҳсоли картошкаи тухмӣ дар асоси пешниҳодҳои пешқадами илмӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокии картошка ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ноҳияи Деваштич яке аз ноҳияҳои калонтарини картошкапарварии вилоят ба ҳисоб меравад. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия асосан тухмии картошкаи навъҳои «Пикасо», «Алладин», «Кардинал», «Жуковский», «Невский» ва солҳои охир навъҳои ватанӣ аз қабили «Шукрона», «Нуриниссо», «Каримӣ», «Овчӣ», «Ғончӣ» кишт карда шуда истодааст, ки аз ҳар гектар 300-450 сентнерӣ ба ҳисоби миёна ҳосил рӯёнида шуда истодааст,-иброз дошт Зариф Мирдадо.

Ӯ ҳамзамон афзуд, ки барои расидан ба ин мақсадҳо такмил додани технологияи парвариши картошка, бахусус картошкаи тухмӣ, истифодаи усул ва воситаҳои нави замонавӣ дар картошкапарварӣ, омӯзиш ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами дигар минтақаҳо ва давлатҳо зарур аст.

Дар кори семинар олимони ботаҷрибаи Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва марказҳои илмии соҳавӣ оид ба селексия, парвариш ва нигоҳдории картошкаи тухмӣ, диверсификатсия ва рушди тухмипарварӣ, усулҳои интегратсионии мубориза бар зиддӣ касалӣ ва зараррасонҳои картошка ва самаранокии иқтисодии истеҳсоли картошка фикру андешаҳои илман асосноки худро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд