
Дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд ҷамъоварии «тиллои сафед» бо суръат идома дошта, то санаи 26 сентябр дар маҷмӯъ 44 ҳазору 975,1 тонна пахта ғунучин шудааст. Ин нишондиҳанда 34,3 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
То имрӯз ҷамъоварии пахта дар шаҳру ноҳияҳо чунин ба қайд гирифта шудааст:
-ноҳияи Ашт – 4507,2 тонна (32,5%),
-ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 6041,8 тонна (33,1%),
-ноҳияи Ҷаббор Расулов – 4742,8 тонна (37,9%),
-ноҳияи Зафаробод – 7804,2 тонна (24%),
-шаҳри Конибодом – 3901,8 тонна (31,1%),
-ноҳияи Мастчоҳ – 12093,7 тонна (44,2%),
-ноҳияи Спитамен – 5883,7 тонна (41,2%).
Айни замон дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят беш аз 55 ҳазор нафар саҳмдорону ҳашарчиён ҳамарӯза дар саҳро машғули ҷамъоварии пахта мебошанд.
Нақшаи истеҳсоли пахта барои вилояти Суғд дар соли ҷорӣ 131 ҳазору 300 тонна муқаррар гардидаст.
Ҷамъоварии саривақтӣ ва бе талафи ҳосил на танҳо ба таъмини корхонаҳои нассоҷӣ бо ашёи хом мусоидат мекунад, балки барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва рушди бештари соҳаи саноати сабук дар вилоят заминаи мусоид фароҳам меорад.




