Шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — яке аз калонтарин минтақаҳои кишоварзии вилоят шинос гардид. 

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 20 ҳазор гектар замини кишоварзӣ дорад, ки дар онҳо зироатҳои ғалладонагӣ, пахта, картошка, сабзавот ва полезӣ парвариш меёбанд. Аз ин масоҳат, 3500 гектараш ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев тааллуқ дорад.

Дар пайравӣ аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таъкид бар истифодаи оқилона ва самараноки замин мекунанд, кишоварзони ҷамъият бо заҳмати пайваста кишту парвариши ғалладона, пахта, шолӣ ва сабзавоту полезиро ба роҳ мондаанд. Дар даҳаи сеюми моҳи май онҳо ба ҷамъоварии сабзӣ ва картошкаи барвақтӣ оғоз намуданд ва рӯзҳои наздик ҷамъоварии пиёз низ оғоз хоҳад шуд.

Дар ин ҷамъият кишту парвариши зироат дар шароити гармхона низ рушд ёфтааст. Аз соли 2011 то имрӯз бо ташаббуси кишоварзон беш аз 40 гармхонаи анъанавӣ бунёд гардида, дар онҳо бо риояи қоидаҳои агротехникӣ маҳсулоти фаровон истеҳсол мешавад. Деҳқонон саҳми арзанда дар таъмини амнияти озуқавории кишвар мегузоранд.

Дар баробари ин, таҷрибаи кишоварзони ҷамоатҳои Зарзамин ва Хистеварз дар самти кишти помидор намунаи ибрат мебошад. Имсол дар ин минтақаҳо зиёда аз 200 гектар барои парвариши помидор ҷудо гардида, кишоварзон парвариши зироатро бо усулҳои муосир ба роҳ мондаанд. Хусусияти ҷолиб он аст, ки дар як замин кишти ҳамзамони помидору ҷуворимакка ба роҳ монда шуда, баъд аз ҷамъоварии маҳсулот кишти карам, турб ва шалғам низ анҷом дода мешавад. Яъне, дар як сол аз як қитъаи замин то чор ҳосил ба даст оварда хоҳад шуд. 

Имрӯз дар бозорҳо маҳсулоти тару тоза — аз қабили помидору бодиринг, боимҷону қаламфур, сабзавоту меваҷот ба фурӯш баромадааст, ки номгӯи зиёди маҳсулот самараи заҳмати пурбаракати деҳқонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Раиси вилоят иброз дошт, ки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз таъминкунандаи асосии бозорҳои минтақа бо маҳсулоти кишоварзӣ аст ва саҳми деҳқонони ноҳия дар таъмини амнияти озуқаворӣ назаррас аст. Ба масъулин дастур дода шуд, ки истифодаи самараноки заминро таъмин карда, барои боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд