Намоишу фурӯши навъҳои гуногуни тарбуз, харбуза, ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ

4 сентябр дар саҳни Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят дар доираи чорабиниҳои идона намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзон доир шуд.

Дар чорабинии мазкур, ки  ҳадаф аз баргузории он тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши ангур, каду, харбуза, тарбуз ва мубодилаи таҷрибаи деҳқонони минтақаҳо аст, кишоварзони шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба идгоҳ ташриф оварда, зимни боздид аз намоиши мазкур иштирокдорон ва дар симои онҳо тамоми кишоварзони вилоятро ба ҷашни 30 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон бахту саодат, фаровонии рўзгор, барори кору хушиҳои ҳаётро таманно кард.

Қайд карда шуд, ки ба шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои фарҳанги миллии мо аз нав эҳё гардида истодаанд.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки баргузории ҷашнҳои кишоварзӣ, ки баёнгари фаровониву хуррамии рўзгор ва рўҳу нерўбахши марди деҳқон аст, таҳти тавваҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат қарор доранд.

Гуфта шуд, ки иди имрўзаи деҳқонон дар рўзҳои таҷлили ҷашни бузурги 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи  ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021 баргузор мегардад.

Дар иди мазкур кишоварзон аз тамоми минтақаҳои вилоят ширкат варзида, бо пешниҳоди маҳсулоти барои дастархони мардум зарурӣ фаъолона ширкат доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ соли 2021 зироатҳои полезӣ дар майдони 5 ҳазору 622 гектар кишт гардида, аз ин ҳисоб то 1 августи соли равон беш аз 68 ҳазору 240 ҳазор тонна ҳсулот истеҳсол карда шудааст ва маъракаи ҳосилғундорӣ ҷараён дорад.

Ҳосилнокии харбузаву тарбуз дар заминҳои объёришаванда 30–35 тонна аз ҳар гектарро ташкил медиҳад ва дар муқоиса ба дигар зироатҳо даромаднокии иқтисодии калонро таъмин карда метавонад.

Токпарварӣ низ яке аз соҳаи асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таърихи беш аз  ҳазорсола дорад. Навъҳои гуногуни хушсифати ангури дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Халқи тоҷик аз қадимулайём навъҳои хушсифату хушмаззаи ангурро офарида, аз насл ба насл боқӣ гузоштаанд. Ҳоло дар боғоти шаҳру ноҳияҳои вилоят бештар аз 190 навъу намунаҳои гуногуни маҳаллӣ ва зиёда аз 30 навъҳои бурунмарзӣ парвариш карда мешаванд.

Масоҳати токзори вилоят беш аз 13,3 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, аз ҷумла ҳосилдиҳанда 11 ҳазору 642 гектар мебошад.

-Истеҳсоли ҳарчи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва васеъ кардани майдони кишт мувофиқи мақсад аст, - иброз дошт роҳбари вилоят ва изҳори боварӣ кард, ки чорабинии имрўза боз як қадами устувор дар пешрафти минбаъдаи соҳа мебошад.

Дар чорабинӣ навъҳои гуногуни тарбуз, харбуза, ангур, каду ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба намоишу фурӯш гузошта шуда, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон ташкил гардида буд.

Дар охир ба намояндагони шаҳру ноҳияҳое, ки фаъолона дар чорабинӣ ширкат варзиданд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд