Ба хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич 18 адад трактор тақдим шуд

Дар доираи таҷлили 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи татбиқи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» имрӯз боз 18 тракторҳои тамғаи МТЗ-82 бо борбардор ва ядакҳои тракторӣ ба хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич  тақдим карда шуд.

Дар маросими супоридани техникаҳои кишоварзӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода,  Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, директори лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазода ва кишоварзон иштирок доштанд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон таъкид кард, ки бо дастгирӣ ва ибтикори неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ бобати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад. Дар ин раванд соҳаи кишоварзӣ низ истисно набуда, бахусус ҷиҳати рушду пешравӣ ва беҳдошти хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз ҷумла беҳтар намудани вазъи таъминот бо техникаҳо чораҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Яке аз масъалаҳои муҳим ин таъминоти кишоварзон ба техника ва таҷҳизоти муосир мебошад. Алҳол дар ҳудуди вилоят дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 4622 тракторҳои шудгоркунанда омодаи кор буда, дар давраи кишту кори зироатҳои кишоварзӣ самаранок истифода бурда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки барои саривақт ва дар муҳлати оптималӣ гузаронидани қоидаҳои агротехникии зироатҳои кишоварзӣ, бахусус шудгори замин тракторҳои шудгоркунанда нақши муҳим дорад.

Танҳо давоми 4 соли охир бо дастгирии Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» ва мусоидати ташкилоти мазкур дар вилояти Суғд 98 трактор, 193 мошинолоти соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 25,4 миллион сомонӣ ворид карда шуд ва дар ин самт якҷо бо сохторҳои дахлдори давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Илова бар ин, соли равон аз тарафи хоҷагидорон 136 тракторҳои гуногунтамға барои баҳрабардорӣ ба хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ворид гардид.

Боиси зикр аст, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби шарикони рушд ҷиҳати ворид намудани техникаҳои кишоварзӣ ва мошинолотҳо ба хоҷагидорони мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд мусоидат карда мешавад.

Аз ҷумла, соли 2020-ум аз ҳисоби татбиқи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба ноҳияҳои Деваштич ва Шаҳристон 16 тракторҳои тамғаи МТЗ ва 8 комбайнҳои ғалладарав ворид ва ба хоҷагидорон дастрас гардида буд.

Дар доираи таҷлили 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи татбиқи лоиҳа имрӯз боз 18 тракторҳои тамғаи МТЗ-82 бо борбардор ва ядакҳои тракторӣ ба хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич тақдим карда шуд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки вориди техникаҳои шудгоркунанда, комбайнҳои ғалладарав ва мошинолотҳо ба рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ, бахусус саривақт гузаронидани кишту кор ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд