Дар ноҳияи Ашт 225,7 гектар боғоти нав бунёд карда шуд

Соли 2020 дар ноҳияи Ашт аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакуҳҳо дар майдони 225,7 гектар боғоти меваҳои донакдор бунёд карда шудааст, ки аз он 19 гектар боғҳои интенсивӣ мебошад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ дастовардҳои кишоварзони ноҳия дар соли гузашта назаррас арзёбӣ гардида, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи кишоварзии ноҳия ба миқдори 9961,8 тонна ғалладонагиҳо, 13579,1 тонна пахта, 4008,0 тонна картошка, 10572,8 тонна сабзавот, 4379,7 тонна полезиҳо, 27917,1 тонна меваҷот, 1497,1 тонна ангур, 6125,0 тонна гушт, 27700,3 тонна шир, 7982,0 ҳазор дона тухм, 215,1 тонна пашм, 32,5 тонна асал, 110,5 тонна моҳӣ  ва 13,9 тонна пилла истеҳсол карда шудааст.

Ҳамзамон соли 2020 аз ҳудуди ноҳия ба хориҷи кишвар ба миқдори 3 319 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, асосан меваҷот содирот карда шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2019 190 тонна зиёд мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд