19 сентябри соли 2024 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, бо рафти ҷамъоварии пахта шинос гардид.
Раиси вилоят дар ҳашари пахтачинии хоҷагиҳои деҳқонии "Ғуфрониён" ва "Сӯфизода"-и ноҳия иштирок карда, бо кишоварзон ва чинакчиён суҳбат намуд.
Тавре маълумот дода шуд соли равон заркорони ноҳияи Мастчоҳ дар 12 ҳазору 400 гектар пахта кишт намудаанд ва айни ҳол 40 дарсади пахта барои чиниш тайёр аст. Саҳмдорон дар хоҷагиҳои зикршуда ба ҷамъоварии ҳосил машғул буда, ҳақи чиниши пахта барои як килограм 1 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳосили интизории кишоварзони ноҳия беш аз 31 ҳазор тонна буда, "тиллои сафед" пас ғунучин ба корхонаҳои коркарди пахта супорида мешавад.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва масъулини соҳаи кишоварзӣ барои ҷамъоварии саривақтии пахта, иҷрои нақшаи пешбинишуда, дастгирии хоҷагиҳо ва чинакчиён супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, роҳбари вилоят фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ "Шариф Асад" мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои қабулу коркарди пахта, пардохти саривақтии маблағи пахтакорон супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд