Дар ноҳияи Деваштич, ки аксари кишоварзонаш ба картошкапарварӣ машғул ҳастанд, ба кишти картошка оғоз бахшида шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳия дар оғози кишти картошка иштирок карда, ба роҳбарияти ноҳия ва масъулони соҳаи кишоварзӣ бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсия дод, ки бо истифода аз рӯзҳои мусоиди баҳорӣ ба кишти зироат ва дигар корҳои саҳроӣ вусъат бахшида шавад. Таъкид карда шуд, ки ҳар як оила бояд ба истифодаи оқилонаву самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ диққати махсус дода, киштро сари вақт ба итмом расонад. Зеро сари вақт кишт намудани зироати гуногун барои ҳосили фаровон замина гузошта шуда, дар натиҷа фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон масоҳати кишти картошка дар вилоят дар қиёс ба соли гузашта 500 гектар афзоиш ёфта, талабот ба картошкаи тухмӣ 77 ҳазору 354 тонна мебошад. Дар хоҷагиҳои вилоят бошад айни замон 89 ҳазору 356 тонна тухмии картошка захира гардидааст.
Кишти картошка дар минтақаҳои вилоят бо мусоид омадани боду ҳаво аз моҳи апрел оғоз ёфта, дар минтақаҳои куҳӣ то даҳаи аввали моҳи май идома мекунад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд