Дар семоҳаи якуми соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 1 млрд. 365 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 110 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ дар ин давра 1 млрд. 341 млн. сомонӣ ва растанипарварӣ 24 млн. сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш мутаносибан 110 ва 107 фоизро дар бар гирифт.
Соли ҷорӣ тибқи структураи кишти тасдиқгардида дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят гузаронидани кишти баҳорӣ дар майдони 173 ҳазору 835 гектар замин пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, дурнамои кишти ғалладонагиҳо бе ҷуворимаккаи дон 63 ҳазору 400 гектар, аз ҷумла гандум 12 ҳазору 579 гектар ва ҷуворимаккаи дон 5200 гектар, пахта 59 ҳазору 633 гектар, зироатҳои равғандеҳ 7 ҳазору 131 гектар, картошка 18 ҳазору 500 гектар, сабзавот 9 ҳазору 311 гектар, аз ҷумла пиёз 4 ҳазору 171 гектар, полезиҳо 6 ҳазору 85 гектар ва хўроки чорво 9 ҳазору 759 гектар муайян гардида, кишти баҳорӣ босуръат идома дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 405 тонна, гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 19 ҳазору 9 тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 3 ҳазору 780 тонна, моҳӣ 356 тонна, шир 79 ҳазору 175 тонна, тухм 156 млн. дона ва пашм 186 тоннаро ташкил намуд.
Ба ҳолати 5 апрели соли 2024 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 117 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст, ки аз он 23 гектар боғи интенсивӣ мебошад. Ҳамзамон, барқароркунии боғу токзор дар масоҳати 899 гектар гузаронида шудааст. Боғҳои нав аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ, чарогоҳ ва боир бунёд гардида, асосан ба воситаи таҷҳизоти каммасрафи қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд.