5 апрели соли 2022 дар Ҷамоати деҳоти Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ семинар-машварати вилоятӣ оид ба мубориза бар зидди малах баргузор гардид.
Дар семинари мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода, сардори Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозанинзода Нусратулло, муовинони раисони навоҳии кишоварзӣ, сардорони раёсатҳои кишоварзии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва дигарон иштирок намуданд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба вазъи кунунии соҳаи кишоварзӣ ва тадбирандешиҳо ҷиҳати рушди соҳа маълумот дод. Қайд карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои замин ва об, амалисозии рушди устувори соҳа ва дар ин замина мусоидат намудан дар таъмини амнияти озуқаворӣ корҳои муайянро ба сомон расонида истодааст.
Барои руёнидани ҳосили соли 2022 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят гузаронидани 177 ҳазору 701 гектар кишти зироатҳои баҳорӣ дар назар дошта шудааст, ки аз он 126859 ҳазор гектар дар заминҳои обӣ мебошад.
Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят кишти баҳории зироатҳо ҷараён дошта, тибқи маълумоти фаврӣ то санаи 4 апрел дар майдони зиёда аз 60,7 ҳазор гектар кишт гузаронида шуд. Аз ҷумла, кишти ғалладонагиҳо 47,5 ҳазор гектар, пахта 740 гектар, сабзавот 3,7 ҳазор гектар, картошка 2,7 ҳазор гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 3,8 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
-Масъалаи эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ аз касаливу ҳашаротҳои заррасон, аз ҷумла малах яке аз самтҳои мубрами рӯз ба ҳисоб рафта, мақсад аз ташкили семинар-машварати имрӯза сарҷамъ намудани роҳбарону мутахассисони сохторҳои дахлдор, масъулини соҳа, кулли аъзоёни Ситоди мубориза бар зидди малах буда, дар ҳамбастагӣ баррасии вазъи воқеӣ, таҳлили нишондиҳандаҳо ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда мебошад,- иброз дошт роҳбари вилоят.
Таъкид гардид, ки барои пешгирии паҳншавии малах ва ташкили чораҳои муҳофизатӣ бар зидди зараррасону касалиҳои зироати кишоварзӣ ва боғу токзор, амри Раиси вилояти Суғд аз 21 феврали соли 2022, №31амр «Дар бораи таъсис додани Ситоди вилоятӣ оид ба мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашаротҳои зараррасон» ба тавсиб расида, фаъолияти он ба роҳ монда шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мушоҳидаҳои баҳорӣ оғоз гардида, муташаккилона идома дорад. Тибқи маълумоти филиали Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилоят масоҳати мушоҳидаҳои баҳории гузаронидашуда 8,1 ҳазор гектарро ташкил дода, аз он дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом 805 гектар, Зафаробод 1000 гектар, Бобоҷон Ғафуров 1120 гектар, Мастчоҳ 950 гектар, Исфара 730 гектар, Ашт 810 гектар, Истаравшан 700 гектар, Ҷ.Расулов 630 гектар ва Деваштич 700 гектарро дарбар мегирад ва ҳоло корҳои мушоҳидавӣ идома дорад. Бо мақсади тақвияти корҳо дар ин самт соли равон бевосита бо дастгирии Ассосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд 1 трактори тамғаи МТЗ 82,1, 2 дастгоҳи «ТОС-600», 2 дастгоҳи «ТОС-600 штангелӣ», 30 дастгоҳи дастию моторӣ ва 110 ҷуфт либоси муҳофизавӣ ҷудо гардид.
Аз ҷониби Раиси вилоят ҳамзамон ба масъулин ҷиҳати тақвияти фаъолияти ситодҳои мубориза бар зидди малахи шаҳру ноҳияҳо, кори мушоҳидачиён дар мавзеъҳои хавфи пайдоиш ва паҳншавии малахдошта, захираи зарурии заҳрдорую маводҳои зарурӣ ва эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ, захира намудани заҳрдоруҳо ва зиёд намудани истеҳсоли маводи биологӣ, истеҳсоли пилла, ба анҷом расонидани кишти баҳории зироат, истифодаи самараноки обу замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, боздеҳи замин, ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолӣ ва дар маҷмуъ таъмини амнияти озуқаворӣ супоришҳо дода шуд.
Дар кори семинар инчунин муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода ва дигарон низ ба сухан баромада, тавсияҳои худро ироа намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд