Таваҷҷуҳ ба рушди чорвопарварӣ ва зиёд намудани саршумори чорво

Чорводорӣ аз самтҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ маҳсуб ёфта, аҳолии кишварро бо гӯшту шир ва корхонаҳои саноатиро бо ашёи хом, яъне пашм таъмин менамояд. Бо мақсади такомул бахшидан ба соҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои давлатиро қабул намудааст, ки баҳри рушд ёфтани чорводорӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар вилояти Суғд ҷиҳати пешрафти соҳаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, барои зиёд намудани насли чорво ва саршумори он аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд. Ин аст, ки дар вилоят ҳамасола саршумори чорвои хурду калон зиёд шуда, истеҳсоли ширу маҳсулоти гӯштӣ афзун мегардад.

Алҳол дар хоҷагиҳои  кишоварзӣ мавсими наслгирӣ идома дорад ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти чорводорони якчанд хоҷагиҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки молашонро дар чарогоҳҳои минтақаҳои  Хайрободу Суғдиён чаронида истодаанд, шинос шуда, ба мутахассисони соҳа ва чӯпонҳо баҳри таъмини  фоизи меъёрии наслгирӣ, солимии чорво ва афзун намудани саршумор дастурҳои муфид дод.

Бояд зикр намуд, ки ба соҳаи чорвопарварӣ ва масъалаҳои марбути соҳа диққату эътибори ҷиддӣ зоҳир мешавад. Зеро, чорводорӣ ва рушди ин соҳа аз омилҳои асосии таъмини амнияти озуқаворист. Парвариши чорво, афзун намудани саршумор ва беҳтар кардани зоти чорво аз роҳу имкониятҳои саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории гӯшту шир мебошад. Дар асоси Барномаи рушди соҳаи чорвопарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 дар вилоят саршумори чорво давра ба давра афзун гардида, дар соли 2022 бояд ба 1 миллиону 608700 сар расонида мешуд. Алҳол ин нишондод ба 1 миллиону 710 417 расонида шудааст, ки  он нисбат ба барномаи маҷмаавии рушди соҳа барзиёд таъмин шудааст. Аз тарафи филиали Муассисаи ҷумҳуриявии хушзоткунӣ ва бордоркунии сунъии чорво дар вилоят соли 2021-ум 4 ҳазору 776 сар бо тариқи сунъӣ бордоркунӣ амалӣ гардид, ки нисбат ба солҳои қаблӣ ин нишондод се - чор маротиба зиёд мебошад ва аз ин 3 ҳазору 720 сар бузғолаи солими хушзот ба даст оварда шудаанд, ки ин омили зиёд кардани саршумори бузи серпашми тоҷикист. Барои расидан ба ин ҳадаф дар ҳамаи самтҳо бояд чораҳо амалӣ гардида, такрористеҳсолкунӣ ва наслгирии муваффақона аз омилҳои муҳими афзоиши саршумор мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд