Дар ноҳияи Зафаробод кишоварзон ба кишти пахта оғоз намуданд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод ба кишти пахта дар ноҳия оғоз бахшид.

Раиси вилоят ҳамроҳ бо пирони кор дар хоҷагии деҳқонии «Абдураҳим» ба кишти пахта оғоз бахшида, барои ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани кишти зироат ба кишоварзон тавсияҳо дод. 

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илова намуд, ки обу замин бояд самаранок истифода бурда шуда, ҳосили хуб рӯёнида шавад.

Хоҷагии деҳқонии «Абдураҳим» дорои 8 гектар замин буда, дар 3 гектар ғалла кишт шудааст ва дар боқимонда 5 гектари он пахта кишт мегардад. Дар асоси таҷрибаҳои ҳосилшуда ва тибқи тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ аъзои хоҷагӣ соли ҷорӣ низ тухмии навъи «Хучанд-67» кишт мекунанд ва умед аст, ки ҳосили хуб ба даст оранд.

Дар маҷмуъ, дар ноҳия соли равон беш аз 14700 гектар пахта кишт карда хоҳад шуд.

Сипас, роҳбари вилоят собиқадори соҳаи кишоварзӣ Садорат Обидоваро аёдат намуда, Иди байналмилалии Наврӯзро ба ӯ ва аҳли оилааш табрик гуфт. Мавсуф солҳои зиёд дар соҳаи кишоварзӣ кор кардааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд