Боздид аз боғи зардолуи ширкати истеҳсолии «Арча»

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар минтақаи Сомғор аз боғи зардолуи ширкати истеҳсолии «Арча» боздид кард.

Боғи зардолуи ширкат дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2022 ташкил карда шудааст. Масоҳати боғ 8,2 гектар буда, дар он наздик 5 ҳазор бех ниҳол шинонида шудааст. 

Боғ бо усули обёрии қатрагӣ обёрӣ шуда, барои 1 гектар дар панҷ соат 26 метри кубӣ об сарф мешавад. Тавре маълум аст, бо усули обёрии қатрагӣ об мустақиман ба решаи дарахт мерасад ва сарфи об назар ба обёрии маъмулӣ якчанд баробар кам мегардад.

Раиси вилоят аснои боздид таъкид кард, ки боғпарварӣ аз шуғлҳои сердаромад аст ва зардолуи дар мамлакат истеҳсолшаванда ҳам дар шакли тар ва ҳам дар шакли хушк дар хориҷ низ серхаридор мебошад.

Ҷиҳати истифодаи самараноки замин дар боғи мазкур чораҷӯӣ карда шуда, дар қатори миёни дарахтон сабзӣ картошка ва пиёз кишт шудааст.

Барои нигоҳубини дарахтони зардолу ва истифодаи самараноки замин аз ҷониби роҳбари вилоят тасвияҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд