2 март дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ниҳолу кӯчат боздид карда, бо дастранҷи боғдорон аз наздик шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ярмаркаи мазкур аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ беш аз 1 миллион бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳо пешниҳоди боғпарварону сокинон гардид.
Аз ҷониби олимону мутахассисон роҳҳои самарабахш намудани ҳосилнокӣ ва пешгирӣ намудан аз нобудшавии ниҳолу кўчатҳо, мубориза алайҳи ҳашаротҳои зараррасон маслиҳату корҳои амалӣ нишон дода шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ таъкид дошт, ки боғпарварӣ аз бахшҳои даромадноки соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, он баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ нақши муассир мебозад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи боғпарварӣ диққати махсус зоҳир намуда, баҳри бунёди боғҳои ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ шароитҳои зарурӣ муҳайё намудаанд.
Дар соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 500 гектар боғҳои нав бунёд гардида, соли равон низ дар назар аст, ки садҳо гектар боғ бунёд карда шавад.
Бояд қайд намуд, ки ярмарка-фурӯши ниҳолҳо бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркуниву ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии шаҳру навоҳии вилоят ва ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав гузаронида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд