Дар ноҳияи Спитамен яхобмонии заминҳо идома дорад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо рафти яхобмонӣ дар заминҳои корхонаи кишоварзии БТК "ГРУПП" шинос шуд.​

Ба назари мутахассисон дар ин шабу рӯзҳо кишоварзон бояд ​ ба яхобмонӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Яхобмонӣ тадбири муҳими агротехникӣ мебошад ва баъди шудгори заминҳо дар фасли сармо яхоб мондан боиси нобуд гаштани ҳашароти зараррасон мегардад.​

Ҳамчунин, намнокии замин нигоҳ дошта шуда, баъди гузаронидани кишт зарурати обмонии зиёдатӣ бартараф мешавад. Ғайр аз ин, дар давраи яхобмонӣ намаки замин паст шуда, боғу токзорро аз хунукзанӣ муҳофизат менамояд.​

Раиси вилоят бо мутахассисони соҳа ва шахсони масъул суҳбат намуда, аз дастуру супоришхои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бояд ба масъалаи яхобмонӣ таваҷуҳи зарурӣ равона гардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд