Барқарорсозии боғҳои куҳна дар Конибодом

6 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ шинос шуд.

Раиси вилоят дар ҶСШК ба номи Энаҷон Бойматова рафти барқарорсозии боғҳои куҳнаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, дар ҳашри ниҳолшинонӣ иштирок намуд.

Тибқи иттилои масъулин дар ҶСШК ба номи Энаҷон Бойматова 6 гектар боғҳои куҳна барқарор гардида, ниҳолҳои хушсифат шинонида мешавад. Дар боғҳои барқароршаванда ниҳолҳои зардолу, себ ва шафтолу шинонида шуда, боғдорон дар парваришу нигоҳубини дарахтон таҷрибаи бой доранд. 

Дар Конибодом боғдорӣ аз шуғлҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ буда, зардолуи боғпарварони шаҳр дар мавсими ҷамъоварии ҳосил ба шакли тар ва ҳам дар шакли хушку бастубандшуда содирот карда мешавад. 

Раиси вилоят дар суҳбат бо боғдорон бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноки замин, азхудкунии заминҳо, истифодаи таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти боғу токпарварӣ, нигоҳубини ниҳолҳои шинонидашуда тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд