Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳру ноҳияҳо

Дар майдони назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ҷониби роҳбарияти вилоят ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ ба масъулин барои оғози корҳои кабудизоркунӣ дар шаҳру ноҳияҳо, тозаву озода ва сарсабзу хуррам нигоҳ доштани муҳити зист супоришҳои мушаххас дод. 

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар вилоят расман оғоз ёфта, дар шаҳрҳои гуногун, аз ҷумла Хуҷанд, Гулистон , Бӯстон ва дигар минтақаҳо кабудизоркунии кӯчаву хиёбонҳо ҷараён дорад.

Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд рӯзи гузашта дар кӯчаи миёни микроноҳияҳои 8 ва 12 беш аз 300 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд. 

Дар шаҳри Гулистон низ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид.

Кормандони соҳаҳои гуногун дар кабудизоркунии муҳит саҳм гузоштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд