Шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии пахта ва хабаргирӣ аз ҳоли собиқадорон дар Конибодом

24 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом бо рафти ҷамъоварии пахта шинос гардид.

Раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии "Хусрав" рафти корҳои саҳроиро таҳти таваҷҷуҳ қарор дода, ба як қатор чинакчиён туҳфаҳои хоитравӣ супорид. Дар ин хоҷагии деҳқонӣ 2 гектар пахта кишт шуда, айни ҳол чиниш босуръат идома дорад.

Саҳмдорону ҳашарчиён изҳор доштанд, ки дар як рӯз аз 80 то 120 килограм пахта чида, маблағи онро сари вақт мегиранд.

Хоҷагии деҳқонии ба номи Деҳқонбой Исоеви Ҷамоати деҳоти Патар аз хоҷагиҳои пешқадам ба шумор меравад. Дар ин хоҷагӣ низ бо истифода аз рӯзҳои мусоиди офтобӣ ба ҷамъоварии пахта вусъат бахшида мешавад.

Раиси вилоят бо аъзои хоҷагӣ ва ҳашарчиён суҳбат намуда, таъкид кард, ки ҳосили пахта бояд беталаф ҷамъоварӣ карда шавад. Барои саҳм гузоштан дар ин маъракаи пахтачинӣ як қатор пешсафон қадрдонӣ карда шуданд. Дастур дода шуд, ки дар шаҳри Конибодом минбаъд шумораи ҳашарчиён зиёд карда шавад.

Сипас, Раиси вилоят аз ҳоли собиқадорони соҳаи кишоварзӣ Неъматҷон Исроилов ва Абдураҳим Мирбобоев хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид. Дар суҳбат бо собиқадорон қайд гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ба собиқадорони меҳнат ғамхорӣ менамояд. 

Пирони рӯзгор бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда ва дар ҷавоб ба ғамхориҳои доимӣ ба Ҳукумати мамлакат миннатдориии худро баён намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд