Ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов идома дорад

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷамъоварии пахта муташаккилона идома дошта, сокинони касбу кори гуногун ба кишоварзон ёрии амалии худро расонида истодаанд. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагиҳои пахтакори ноҳия маълумот дода шуд.

20 октябр Раиси вилоят ба ноҳия омада, бо рафти ғунучини пахта аз наздик шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия то имрӯз наздик 6900 тонна пахта истеҳсол гардида, нақшаи солона 53,7 дарсад таъмин карда шудааст.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулини соҳаи кишоварзӣ, саҳмдорону аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ аз муҳимияти пахта ва то ҳадди ниҳоӣ коркард шудани он ёдоварӣ намуда, дастур дод, ки аз ин рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода намоянд.

Таъкид шуд, ки кишоварзони ноҳия бо масъулияти дучанд заминро оқилона ва самарнок истифода намуда, барои руёнидани ҳосили фаровон заҳмат кашидаанд. Имруз хоисли пахта дар сахро шукуфон ва интизори чидан аст. Аз ин рӯ, зарур шуморида шуд, ки масъулин ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари чинакчиён ва ҳашарчиён ба майдони пахтазор тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Раиси вилоят ҳамзамон чинакчиёнро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда, ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дод, ки ба ғунучини пахта суръат бахшанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд