Дар ноҳияи Мастчоҳ то имрӯз 11 000 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд

18 октябр​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафар намуда, бо ҷараёни ғунучини пахта​ аз наздик шинос гардида, ба масъулин ҷиҳати вусъат додани корҳои саҳроӣ супоришҳои мушаххас дод.

Бино ба иттилои масъулини​ Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли равон дар ноҳия 11 ҳазору 456 гектар кишти пахта гузаронида шуда, заркорон азм доранд, ки то беш аз​ 28 ҳазор​ тонна «тиллои сафед»-ро ба хирман бирезанд. То рӯзи 18-уми октябр дар ноҳия беш аз 11 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардида, чиниши пахта муташаккилона идома дорад.

Зимни боздиди​ Раиси вилоят аз заминҳои​ Муассисаи давлатии таълимии​ «Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ» иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимӣ дорои 89,4 гектар замин буда, соли равон дар 52 гектар пахта кишт намудааст. . Хоҷагидорон асосан пахтаи навъи «Дӯстӣ»​ -ро, ки ба боду ҳавои минтақа мутобиқ мебошад кишт намудаанд ва​ имрӯзҳо чиниши дуввум ҷараён дорад.​

Дар хоҷагии деҳқонии «Ғуфронзода»-и деҳоти Мастчоҳ низ​ Раиси вилоят ҷараёни ҷамъоварии пахтаро мавриди назар қарор дод. Хоҷагии мазкур дорои 40​ гектар замин буда, соли равон дар 35​ гектар пахта кишт шудааст.​ Ҳамарӯза теъдоди зиёди ҳашарчиёну чинакчиён ба майдони пахтазор баромада, саҳми худро дар ғунучини ҳосил гузошта истодаанд.​

Раиси вилоят дар суҳбат бо масъулин ва ҳашарчиёну чинакчиён барои пурраву беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил супоришҳо дода, изҳори боварӣ намуд, ки заркорони ноҳия бо истифода аз таҷриба нақшаи истеҳсолиро иҷро хоҳанд кард.

Дар идомаи сафар роҳбари вилоят​ бо фаъолияти ҶДММ «Музаффар-К» шинос гардид. Самти асосии фаъолияти коргоҳи мазкур ин қабул ва коркарди аввалияи пахта ба ҳисоб рафта, то имрӯз 2200​ тонна «тиллои сафед» аз тарафи хоҷагидорон ба ин корхона ворид карда шудааст. Масъулини коргоҳ нақша доранд то 6 ҳазор тонна пахтаро аз хоҷагидорон қабул намоянд. Истифодаи технологияи муосир имкон медиҳад то барориши нахи пахта бештар гашта, сифатнокии он низ нисбатан беҳтар гардад. Коргоҳи мазкур бо шумораи зиёди хоҷагиҳои хурду бузург шартномаи тарафайнро ба имзо расонида, дар вақти кишту парвариш деҳқононро ҳамаҷиҳата дастгирӣ кардааст.

Дар ноҳияи Мастчоҳ дар умум 10​ адад корхонаҳои коркард мавҷуд буда, фаъолияти муназзами онҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар ноҳияи Мастчоҳ роҳбари вилоят ҳамчунин бо ҷараёни таъмири дастгоҳҳои обкашии «Янтоқ-2» аз наздик шинос гардид. Бояд тазаккур дод, ки заминҳои кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ асосан тавассути пойгоҳҳои обкашӣ бо оби полезӣ таъмин ​ карда мешавад. Дар ноҳия​ 17​ адад пойгоҳи обкашӣ мавҷуд буда, бо воситаи онҳо 22 ҳазор гектар заминҳои ноҳия обёрӣ мегардад. Бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ​ Раҳмон кишоварзони ноҳия ҳамаҷиҳата дастгирӣ ёфта, дар вақти мавсим сари​ вақт бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд