Дар ноҳияи Деваштич ҷамъоварии картошка идома дорад

Дар ноҳияи Деваштич дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —​ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи зарурӣ равона мегардад.

Сокинон ва деҳқонони ноҳия бо азхуд намудани заминҳои бекорхобида ва оёбрии заминҳои лалмӣ​ сол аз сол ҳаҷми истеҳсоли картошкаро зиёд менамоянд. Соли ҷорӣ деҳқонони сарбаланди ноҳия нақша доранд, ки истеҳсоли картошкаро то ба 230 ҳазор тонна расонанд. То ин дам қисми бештари ҳосил ҷамъоварӣ шуда, дар минтақаҳое, ки нисбатан ҳаво сард аст, ҷамъоварии ҳосили картошка идома дорад. ​

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич​ аз намоиши дастранҷи деҳқонон ва раванди ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии «Шоҳон»​ боздид карда, ба фаъолияти кишоварзон​ баҳои баланд дод. Тавре мушоҳида гардид, дар аксари таҳхонаи манзилҳои истиқоматии сокинони ҷамоатҳои Ваҳдат ва ба номи Исмоили Сомонӣ картошка ва ҳам тухмии он захира карда шудааст.

Кишоварзони ноҳияи Дешваштич тӯли солҳои охир ҷиҳати иҷрои супоришҳои Сарвари давлат​ майдони кишти картошкаро наздик 1000 гектар зиёд намуданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва инчунин аз ҷониби худи аҳолӣ заминҳо обёрӣ шуда, кишоварзон барои зиёд намудани истеҳсоли картошка чораҷӯӣ менамоянд.

Ҳоло дар ноҳияи Деваштич 12​ намуди тухмии картошка парвариш карда мешавад ва​ тибқи дурнамо деҳқонони ноҳия азм доранд, ки то соли 2030 истеҳсоли картошкаро то ба 500 ҳазор тонна расонанд.

Раиси вилоят​ аснои боздид​ зикр намуд, ки бояд сол аз сол ҳаҷми истеҳсоли картошка зиёд карда шавад. Ҳамзамон барои захираи маҳсулоти ниёзи аввал ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд