Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 3892 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 3600 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд буда, кишоварзон барои ба даст овардани ҳосили зиёд ва саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳия​ бо рафти ҷамъоварии пиёз ва нашъунамои кишти такрории зироатҳо дар Кооперативи тиҷоратии «Фасли баҳор» ва хоҷагии деҳқонии «Турсунбойота » аз наздик шинос гардид.

Маълумот дода шуд, ки дар ноҳия соли равон кишту парвариши пиёз дар масоҳати 687​ гектар ба роҳ монда шуда, то кунун беш аз 10620​ тонна пиёз истеҳсол гардидааст.​ Баробари ин, соли равон кишоварзони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар​ масоҳати умумии 3892​ гектар кишти такрорӣ гузаронидаанд.

Вобаста ба иқлим дар кишти такрорӣ асосан ҷуворимакка, мош, турб, шалғам, лубиёгиҳо, сабзӣ ва ғайра кишт гардидааст.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ маъсулинро ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида вазифадор кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд