Шиносоӣ бо рафти ҷамъоварӣ ва қабулу коркарди пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

21 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо рафти ҷамъоварии пахта ва фаъолияти корхонаҳои коркади пахта шинос гардид.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов соли равон дар 3850 гектар пахта кишт карда шуда, натиҷаи фаъолияти пурсамар, обу ғизодиҳии саривақтӣ ва коркарди агротехникӣ буд, ки имрӯзҳо пахта фарвон аст. Заркорони ноҳия асосан навъҳои «Хуҷанд 67», «Флеш», «Лодос», «Дӯстӣ», «Мая 505», «Тезпур» ва ғайраҳоро кишт намудаанд, ки ҳосилнокиаш хуб буда, ба иқлими ноҳия мувофиқ мебошад.

Тавре мушоҳида гардид, дар ҷамъоварии «тиллои сафед» сокинони ноҳия, сокинони касбу кори гуногун фаъолнокӣ нишон дода, дар паҳлуи марди деқон қарор доранд. Раиси вилоят зимни иштирок дар ҳашари пахтачинӣ барои ҳарчи зудтар ғунучин намудани ҳосил супоришҳо дода, як қатор чинакчиёнро бо туҳфаҳо сарфароз намуд.

Қайд карда шуд, ки пахта ашёи хоми саноатӣ ба ҳисоб рафта, барои истеҳсоли он таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.​ Дар вилоят​ бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили имсолаи пахта, ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тибқи қарори Раиси вилоят Ситоди вилоятии «Ҳосил-2023» таъсис дода шуда, мусобиқаи меҳнатӣ эълон шудааст. Заркорони ноҳия бояд фаъолнокӣ нишон дода, дар мусобиқа ҷойҳои намоёнро ишғол намоянд.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода фаъолияти ҶДММ «Шамс-777»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.​

Ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки корхона то ҳоло беш аз 600 тонна пахтаро барои коркард қабул намуда, нақша дорад, ки дар мавсими имсола​ то 3 ҳазор тонна «тиллои сафед»-ро қабул созад.​

Дар ин корхона​ 30​ нафар сокинони маҳаллӣ ба шуғл фаро гирифта шуда, бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадам барои ба даст овардани фоизнокии зиёди нахи пахта ҷаҳду талош меварзад. Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати иҷрои​ дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи саноатикунонии босуръати кишвар дар ноҳия ба рушди соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Ҳангоми шиносоӣ роҳбари вилоят ба масъулин барои ворид намудани технологияҳои нав ва ҳавасманд намудани кормандон дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд