Шиносоӣ бо ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Спитамен

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пахта шинос гардид.

Имсол пахтакорони ноҳияи Спитамен тасмим доранд, ки​ 14 ҳазору 600 тонна пахта истеҳсол намуда, дар ғанисозии хирмани пурбор саҳми арзанда гузоранд. Бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ заркорон ба ҷамъоварии ҳосил машғул буда, самараи меҳнати худро ба даст меоранд.

Раиси вилоят зимни боздид аз​ хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ғунучини пахта саҳм гузошта, бо кишоварзону чинакчиён барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани пахта тавсияҳо дод. Тазаккур дода шуд, ки барои қадршиносии меҳнати пахтакорон мусобиқаи меҳнатӣ ташкил шудааст ва ҳар ноҳияе, ки​ дар бистрӯзаи аввали пахтачинӣ пешсаф аст, бо мукофотпулӣ сарфароз гардонда мешавад.

Раиси вилоят дар зимн ба як қатор чинакчиён туҳфаҳо тақдим карда, аз меҳнати пурсамарашон дар ғунучини ҳосил тавсиф кард.​ Зеро дар ноҳия чинакчиёне ҳастанд, ки дар як рӯз​ то 240 кг пахта чида, музди кориашонро барои зиндагиашон истифода мебаранд.​ ​ ​ ​

Ҳосили хуб гирифтан аз замин ва таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ аз меҳнату кордонии марди деҳқон ва таъмини заминҳои кишт бо оби полезӣ вобаста аст. Ба ин нукта зимни боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии «Новая» ишорат шуд ва таъкид гардид, ки дар мавсими имсола ин пойгоҳ ба пуррагӣ фаъолият дорад. Пойгоҳ дорои 13 насоси обкашӣ буда, бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои пойгоҳҳои обкашӣ мунтазам агрегатҳои нав харидорӣ карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд