Ҷамъоварии пахта дар Конибодом идома дорад

19 сентябри соли 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом бо рафти ҷамъоварии пахта шинос гардид.

Раиси вилоят дар Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматова бо пахтакорон суҳбат намуда, барои пурраву беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосил супоришҳо дод. Таъкид гардид, ки​ барои тезонидани суръати чиниши пахта ва таъмини саривақтии нақшаи истеҳсоли пахта​ тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шавад. Саҳмдорону аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳашарчиён дар ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта бояд фаъолона ширкат варзида, кўшиш ба харҷ диҳанд, ки ҳосили расида ҷамъ оварда шавад.

Дар Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматова, ки дорои 724 гектар замин аст, 360 гектар пахта кишт шуда, хоҷагидорон тасмим доранд, ки нақшаи истеҳсолро сари вақт иҷро намоянд.

Аз ҷониби роҳбари вилоят, ки бевосита дар чиниши пахта иштирок намуд, ба чинакчиён туҳфаҳо супорида шуд.

Дар идома Раиси вилоят аз ҶДММ «Пахтаи Ориён», ки ба қабулу коркарди пахта машғул аст, боздид намуд. Ба иттилои масъулин корхона барои коркарди пахта пурра омода буда, қабули пахта оғоз ёфтааст. Дар «Пахтаи Ориён» 20 нафар ба кор ҷалб гардида, маоши хуб мегиранд.

Раиси вилоят ҳамзамон бо фаъолияти гармхонаҳо дар шаҳри Конибодом таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз як қатор гармхонаҳо бодид ба амал овард. Аснои шиносоӣ бо нашъунамои помидору бодиринг, қаланфури булғорӣ роҳбари вилоят барои истифодаи самараноки гармхонаву сардхонаҳо ба масъулин супоришҳо дод. Қайд карда шуд, ки таъмини фаровонии маҳсулоти тару тоза дар бозорҳо аз фаъолияти гармхонаҳо вобаста буда, бояд ҳар як гармхона, ки​ шумораи умумии он дар шаҳр 56 адад аст, самаранок истифода бурда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд