Панҷакент. Кишоварзон нақша доранд, ки дар 3500 гектар картошка кишт намоянд

Соли равон кишоварзони Панҷакент тасмим доранд, ки дар 3500 гектар кишти картошкаро ба роҳ монанд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ бо гарм шудани фасли баҳор дар деҳоти Панҷакент кишти баҳорӣ оғоз ёфта, деҳқонон зироати гуногун кишт намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Саразм хоҷагидорон кишти картошкаро оғоз намуданд.

Деҳқонон ният доранд бо истифода аз обу ҳавои мусоид нақшаи киштро саривақт иҷро кардаву ҳосили фаровон ба даст оранд ва дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро гузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд