Дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон - шаҳри Остона Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Макони баргузории Намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 7 гектарро ташкил медод, воқеан ба як базмгоҳи фарҳу хушҳолии сокинону мемонони пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон - шаҳри Остона табдил ёфта, комилан фазои тоҷикона дошт. Зеро дар ин ҷо мардуми зарофару меҳнатқарини Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 1,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳаҷми зарурии молҳои гуногуни саноатиро ба номиш гузошта, таомҳои миллӣ ва анвои зиёди маҳсулоти нонию қаннодиро омода ва пешниҳоди сокинону меҳмонони шаҳри Остона намуданд. Ҳамчунин ба таври шосита ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ ва дар фазои пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон - шаҳри Остона садои карнаю доира, танбуру рубоб ва суруду таронасароии аҳли ҳунару санъати тоҷик танинандоз гардид.
Ин тадбири муҳим, ки бо иқдому ташаббуси бевоситаи Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев амалӣ шуд, дар густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва пайдо намудани шарикони ҳамкор заминаи мусоидро фароҳам оварда, дар афзоиши минбаъдаи гардиши савдои хориҷии ду мамлакат, ки шарики старатегӣ ҳастанд, нақши бориз хоҳад гузошт.
Дар намоишгоҳ сабзавоту полезӣ, мева, ғалладонагӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистони биҳиштосо дар шаклҳои гуногун бо тасвирҳои зебо пешниҳод карда шуд.
Дар ин намоишгоҳ ба маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла харбузаю тарбуз, каду, картшка, пиёз, сабзӣ, лабалабу, боимҷон, қаланфури булғорӣ, помидору бодиринг, сирпиёз, карам, гулкарам, биринҷ, мош, лубиё, нахӯд, зардолу, хуч, гелос, ангур, чормағз, анор, шафтолу, олу, себ, нок, хушкмева, мағзи зардолую чормағз ва даҳҳо намуди дигари маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар кишвари офтобрӯяи Тоҷикистон парваришу истеҳсол карда мешаванд, таваҷҷуҳ бештар буд ва сокинону меҳмонони шаҳри Остона бо дидани чунин фаровонию зебоӣ ба деҳқонони зарофари тоҷик, ки воқеан заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳамасола аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми зарурии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот ва меваи тару хушк бо банду басти мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла Ҷумҳурии Қазоқистон содирот карда мешавад.
Ширкатҳои бузургу бонуфузи истеҳсолии “Оби зулол”, “Баракати Исфара”, “Исфара Фуд”, “Зардолу ва Компания”, “Мавизи Истаравшан”, “Меваи Канд”, “Субҳи Ватан”, “Сирдарё”, “Мусалло”, “Сиёма” ва даҳҳо коргоҳу корхонаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки банду басти меваи хушк ва истеҳсоли афшура, мураббо, шарбату шаробро мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ мондаанд, ҳамасола ҳаҷми содироти маҳсулоти тайёрро ба Ҷумҳурии Қазоқистон зиёд менамоянд.
Тоҷикистону Қазоқистон дорои имконияту шароити мусоид буда, истифодаи самараноки он ба коҳиш додани нархи маҳсулот дар бозорҳо мусоидат менамояд. Ҳар ду ҷониб ба он назаранд, ки барои тақвият бахшидани гардиши молу маҳсулот имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёданд ва имрӯз вақти он расидааст, ки аз он ба таври васеъ ва самаранок истифода шавад. Ин раванд бештар аз ҳама ба баланд гардидани ҳаҷми гардиши мол байни ду мамлакат, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, дар заминаи он фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар ин намоишгоҳ занбӯрпарварони Тоҷикистон асал, гарди гул, шири модарзанбӯр, ширеш ва муми занбӯрро, ки дар бозори минтақа ва ҷаҳон харидори зиёд дорад, муарифӣ намуданд. Табиати биҳиштосои Тоҷикистон, ки дорои номгӯи зиёди гулу гиёҳҳои шифобахш аст, макони истеҳсоли асал мебошад. Дар ин самт низ соҳибкорони Қазоқистон метавонанд, бо замбӯрпарварони Тоҷикистон ҳамкории густурда дошта бошанд.
Ҳамзамон дар гӯшаҳои гуногуни намоишгоҳ барои сокинони шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар даҳҳо кат ва суҳбаткадаҳои бо санъати баланд кандакоришуда, ки маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, аз ҷумла устоҳои чирадасти шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аст, дастархони пурнозу неъмат ороста шуд. Дар назди ҳар хайма кадбонуҳо ва ошпазони моҳир ба сокинону меҳмонони шаҳри Остона таомҳои миллии мардуми тоҷикро омодаю пешниҳод намуданд. Аз ҷумла аз ҷониби ошпазҳои моҳири шаҳри Хуҷанд дар як деги 1 тоннагӣ оши палов омода карда шуд.
Баҳои сокинону меҳмонони шаҳри Остона ба ҳунари волои кадбонуҳо ва ошпазони моҳири тоҷик, ки дар маҷмӯъ дар зиёда аз 30 дег ва 10 танӯр номгӯи васеи нону кӯлча ва таомҳои миллӣ омода намуданд, таҳсину офарин буд.
Ҳунариҳои қадимаи мардуми тоҷик, ба монанди гачкорӣ, кошинкорӣ, атласу адрасбофии дастӣ, қолинбофии дастӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ, кордсозӣ, наққошӣ, кундалнигорӣ, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, созтарошӣ, ки дар ин намоишгоҳ муррифӣ карда шуд, ба сокинону меҳмонони шаҳри Остона писанд омад. Дар ин намоишгоҳи бузург либосҳои миллии мардуми тоҷик, ки аз ҷониби ҳунармандону тарроҳҳон муаррифӣ карда шуд, ҳаводорони зиёд дошт.
Бояд гуфт, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ба масъалаи рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд.
Ҳунармандону устоҳои чирадаст бо истеҳсоли маҳсулоти гуногун касби пурифтихор ва анъанаи неки ниёгонро идома дода, барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳон хизмати шоиста менамоянд.
Ҳамчунин аз ҷониби ҳунармандон номгӯи зиёди шириниҳои миллӣ, ба монанди ҳалво, набот, нишолло ва парварда омода карда шуд.
Ба сифати молу маҳсулоти саноатии истеҳсоли Тоҷикистон, ба монанди матоъ, либос, қолин, маснуоти заргарӣ, масолеҳи сохтмонӣ, фарши ороишӣ аз чуби табиӣ, техникаю таҷҳизоти гуногун, маводи полиграфӣ, шарбат, мураббо, афшура, меваи хушки банду бастшуда, обҳои ташнагишикан ва консерваи меваю сабзавот баҳои баланд дода шуд.
Ба таъкиди дастандаркорон, ҳамаи молу маҳсулоти санаотии ба намоиш гузошташуда ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ буда, имрӯзҳо дар бозори минтақа ва ҷаҳон харидорони зиёд доранд ва дар ин рӯз бо истифода аз фазои мусоид аз ҷониби соҳибкорони тоҷик имконияту иқтидорҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври шоиста муаррифӣ гардид.
Бо таваҷҷуҳ ба рушди муносибатҳои иқтисодю тиҷоратӣ соҳибкорон, тоҷирону сармоягузорон, теъдоди зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон ва намояндагони бонуфузтарин ширкатҳои тавлидотии муқими Остона бевосита бо маҳсулоти коргоҳу корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Гуфта шуд, ки ҳоло корхонаҳои саноатии Тоҷикистон бо инобат гирифтани талаботи бозори минтақа ва ҷаҳон бо ширкатҳои тавлидотии Қазоқистон доду гирифти молӣ доранд ва ҳар ду ҷониб ҳам барои идомаи босамари ҳамкориҳо ҳавасманданд.
Танҳо дар рӯзи аввал аз Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 1,5 миллион нафар дидан намуд.
Дар баробари сокинони шаҳри Остона, шаҳрвандони дигар давлатҳо, аз қабили Федератсияи Русия, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Олмон, Фарансия, Британияи Кабир, Ҳиндустон, Италия, Туркия, Чин ва Узбекистон низ аз Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, таассуроти нек бардоштанд.
Аз шодию нишоти сокинону меҳмонони шаҳри Остона аён буд, ки дастандаркорони намошгоҳ барои муаррифии молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба дидаанд.
Дар ин намоишгоҳ ҳамзамон имкониятҳои сайёҳӣ ва истироҳатию табобатии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд. Дилбохтагони табиати зебои Тоҷикистон хостори ба роҳ мондани ҳамкории судманди ширкатҳои сайёҳии ду ҷониб буда, пешрафти ин соҳаи сердаромадро дар рушди иқтисоди миллӣ яке аз заминаҳои асосӣ арзёбӣ карданд. Дар ин ҷо ҳамзамон бештар аз 200 мусаввара, ки пешрафту шукуфоӣ ва табиати зебои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар онҳо инъикос ёфтааст, ба намоиш гузошта шуд.
Ба таъкиди коршиносон, роҳандозии тадбири мазкур барои ҳарду ҷониб муҳиму манфиатовар аст. Зеро бо таъсиси чунин намоишгоҳҳои сатҳи баланд ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ тақвият ёфта, дар бозор рақобати солим ба вуҷуд хоҳад омад. Ҳамчунин мардуми ду мамлакат бо расму ойин ва анъанаҳои миллии ҳамдигар ошно гардида, дар фазои дӯстию бародарӣ рафтуомад хоҳанд кард.
Ба муносибати ташкили Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли санъату ҳунар бо пешниҳоди барномаи мукаммали консертӣ ва саҳнаҳои театркунонидашуда, ки дӯстию рафоқатро таҷассум мекард, хотири сокинону меҳмонони шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистонро болида намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд