Дар ноҳияи Шаҳристон дар масоҳати 15 гектар мамнуъгоҳ таъсис ёфта, барои парваришу зиёд намудани саршумори оҳу тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардад.
Чуноне зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Шаҳристон иттилоъ дода шуд, мамнуъгоҳ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ташкил карда шуда, 30 сар оҳуи навъи лама нигаҳдорӣ мешавад. Атрофи мамнуъгоҳ пурра симтӯр кашида шуда, барои муҳофизати оҳувон нозирон фаъолият мекунанд.
Раиси вилоят ҳини боздид таъкид кард, ки Шаҳристон дорои табиати нотакрор буда, бояд барои ҷалби сайёҳон аз иқтидорҳои бузурги табиӣ истифода бурда шавад. Фаъолияти муназзами мамнуъгоҳ низ метавонад ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намояд.
Ба масъулини Хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон дастур дода шуд, ки барои зиёд намудани саршумори оҳу ва назорати доимии онҳо чораҷӯӣ карда шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд