Ба рушди соҳаи чорводорӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад

Дар шаҳру ноҳияҳои ​ вилояти Суғд дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори моли майда​ 1 миллиону 177 ҳазор сарро ташкил​ дода, алҳол дар рамаҳои мешу бузҳои модарии хоҷагиҳои ​ кишоварзӣ маъракаи наслгирӣ идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шоҳроҳи Хуҷанд-Мастчоҳ, ҳудуди заминҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров​ бо масъулину мутахассисони соҳаи кишоварзӣ​ дар якчанд рамаҳои хоҷагиҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Куҳистони Мастчоҳ​ бо вазъи наслгирӣ шинос шуд.

Тазаккур дода шуд, ки имрӯзҳо дар хоҷагиҳои чорвопарварӣ наслгирӣ идома дошта, минтақаҳои кӯҳӣ ва талу теппаҳои сарсабз макони асосии парвариши бузу гӯсфанд ба ҳисоб меравад.​

Таъкид гардид, ки аз 100 сар меши маҳаллӣ то 90 сар ва аз 100 сар модабуз то 80-82 сар насл гирифта мешавад.

Дар мавсими имсола 57 ҳазору 779 сар насл гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда​ 66 фоизи нақшаи пешбинишуда барои соли ҷориро ташкил дода, давраи наслгирӣ идома дорад.

Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят барои зиёд намудани саршумори моли майда, хусусан зоти серпашми тоҷикӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Раиси вилоят дар суҳбат қайд намуд, ки чорводорӣ аз самтҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ маҳсуб ёфта, аҳолии кишварро бо гӯшту шир ва корхонаҳои саноатиро бо ашёи хом, яъне пашм таъмин менамояд. Бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳа таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, барои зиёд намудани саршумори чорво аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд.


Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд