Ҷиҳати татбиқи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидояту роҳнамоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба хотири беҳдошти ҳифзи табиат ва ободонии ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ маъракаи ниҳолшинонӣ ташкил карда шуд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо, роҳбарият ва ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ширкат варзида, дар майдони 5, 5 гектар навъҳои гуногуни ангур шинониданд.
Мақсади асосии фаъолияти минтақавии таълимиву илмӣ таҷрибавии “Палос” баланд бардоштани савияи илмӣ-амалии донишҷўёни ихтисосҳои география, экология, биология буда, дар давоми таҳсил дар гузаронидани таҷриабомўзии саҳроӣ, истеҳсолӣ, иҷро намудани корҳои курсӣ, рисолаи хатм, инчунин бурдани тадқиқоти илмӣ докторантон, омўзгорон ва мутахассисони донишгоҳ муосидат мекунад.