Кишоварзони вилояти Суғд соли 2022-ро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.
Дар соли 2022 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 15 млрд. 618 млн. сомонӣ расонида шуд, ки ба 112 фоизи нишондиҳандаи соли қаблӣ баробар мебошад. Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 11 млрд. 120 млн. сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 4 млрд. 498 млн. сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 19,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 111,4 , 113,5 ва 100,7 фоиз таъмин гардидааст.
Барои ҳосили соли 2022 дар масоҳати 279 ҳазору 768 гектар кишт гузаронида, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 562 ҳазору 924 тонна картошка, 608 ҳазору 540 тонна сабзавот, 124 ҳазору 477 тонна мевагӣ, аз ҷумла 55 ҳазору 847 тонна зардолу ва 38 ҳазору 429 тонна себ, 59 ҳазору 537 тонна ангур ва 148 ҳазору 551 тонна полезӣ истеҳсол карда шуда, нисбат ба соли 2021 истеҳсоли картошка 32 ҳазору 925 тонна, сабзавот 35 ҳазору 698 тонна, ангур 4 ҳазору 802 тонна, полезиҳо 8,4 тонна, мевагиҳо 31 ҳазору 128 тонна, аз ҷумла зардолу 18 ҳазору 341 тонна ва себ 4 ҳазору 532 тонна афзудааст.
Дар соли 2022 нақшаи истеҳсоли пахта дар ҳаҷми 133 ҳазору 800 тонна пешбинӣ гардида, 133 ҳазору 950 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки баробари 100,1 фоизи нақша буда, нисбати нишондиҳандаи соли қаблӣ 19 ҳазору 336 тонна зиёд мебошад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд