Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 14 млрд. 481,2 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд.
Тавре маълум аст, соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти вилоят маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим аст.
Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар 11 моҳи соли ҷорӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 14 млрд. 481,2 миллион сомонӣ расониданд, ки ба 112 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021 баробар мебошад. Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 10669,6 миллион сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 3811,6 миллион сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 13 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 110,6 фоиз, 116 ва 117,3 фоиз таъмин гардидааст.
Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 532072,4 тонна картошка, 585016,0 тонна сабзавот, аз ҷумла, 157293,1 тонна пиёз, 121711,5 тонна мевагӣ, аз ҷумла, 55847,3 тонна зардолу, 37329,6 тонна себ, 59337,6 тонна ангур ва 148091,6 тонна полезӣ истеҳсол карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 истеҳсоли картошка 19999,9 тонна, сабзавот 32821,8, ангур 4931,5, полезиҳо 41, мевагиҳо 29934,3, аз ҷумла зардолу 18341,3 ва себ 4709,2 тонна афзудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд